
АНДЕША. Дар як панҷа панҷ ангушт аст, панҷ ангушти бародар ҳарчанд баробар набошанд. Яке баланд дигаре паст, яке фарбеҳ дигаре лоғар, яке дароз дигаре кӯтоҳ вале ҳамаашон якҷоя як амалро иҷро мекунанд якҷоя хаму рост мешаванд, якҷо зичу парешон мешаванд дар ҳама ҳолат якҷояанд. Мардуми азизу сарбаланди тољик вазъияте, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, воқифем. Мо бояд аз як гиребон сар бароварда, бар зидди ин беморӣ муборизаи беамон барем. Хушбахтона, то ҳол дар кишвари азизи мо ин бемории хавфноку хатарнок ба қайд гирифта нашудааст ва Худо кунад, ки набошад, вале имрӯз мардумро ба тарсу ваҳм андохтааст хабару овозаҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд. Ҳамчун як фарди љомеа аз шаҳрвандон, аҳли зиё эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки мо бояд ана ҳамон ангуштони як панҷа шуда тавонем як амалро иҷро кунем, тавассути иттилооти медодаамон мардумро аз ин мушкилӣ раҳо диҳем. Дар як ҷое оварда будам, ки карантин роҳи ҳалли мушкилот нест, мо худамон бояд ба гигиенаи шахсӣ риоя намоем. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, ки таътили муваққатӣ дода шуд, вале мебинем, ки кӯдакон аз саҳар то ними шаб дар кӯчаҳо мегарданд. Баъзе аз падару модарон ҳангома карданро дӯст медоранд, вале фарзандони худро соҳибї карда наметавонанд. Табиби ҳар кас худаш аст.
Аз љониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Маҳз ҳар яки худи мо агар ба гуфтаи табибон амал намоем, аз сироятёбӣ эмин мемонем. Имрӯз камтар табам баланд шуд нишонаҳои зукомро дар худ эҳсос кардам ва аз фарзандам хостам аз дорухона дору биёрад, духтарчаам, ки дар синфи чорум мехонад гуфт модарҷон Шумо дар хона хоб кунед, зуком омадагӣ мабодо ба мо нагузарад.
Бароям хеле даҳшатовар буд шунидани ин суханҳо. Фарзандам ҳарчанд хурдсол аст, аллакай дар бораи ин беморӣ маълумот дорад. Чунки иттилооти беасос ба ӯ низ таъсир расонидааст. Аз ин рӯ, аз ҳамватанон хоҳиш дорам дар ин самт ҷиддӣ бошанд. Фарзандонамон наҳаросанд, ки мабодо аз ин бемории сироятӣ сироят меёбанд. Нест гардад ин беморӣ, овозаю ғавғоҳои даҳшатангезаш!
Дилафрӯз Сироҷиддинова, директори МТМУ №17-и ноҳияи Ёвон