Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе!
АНДЕША. Воқеан ҳам, имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз зеботарин шаҳрҳои муосири ҷаҳон табдил ёфтааст. Одатан инсонҳо зодгоҳи худ, он ҷое, ки ба дунё омадаанд, бисёр дӯст медоранд. Вале ман Тоҷикистони азизу маҳбубам, модари ягонаи миллати куҳанбунёду тамаддунофарамро ниҳоят хуш мепазирам ва аз он ифтихор дорам, ки деҳаи дар он ба дунё омадаам як порчаи хоки ин кишвари азизам мебошад. Душанбе бошад, аз он рӯзе, ки дар харитаи сиёсӣ Тоҷикистон пайдо шуд, ба ҳайси пойтахти он шинохта шудааст, ҳарчанд, ки номҳои гуногун дошт. Пойтахтро мардуми ватанпарвар қалби кишвари худ медонанд ва бо он ифтихор мекунанд. Душанбеи мо, ки таърихи начандон тӯлоние дорад, ҳамеша дар ҳоли тағйирёбӣ, рушд, ташаккулу тараққиёт буд. Вале замони истиқлолият ин қалби Ватани маҳбубамонро ба куллӣ тағйир дод, ҳатто ҳар кас, ки чор-панҷ сол пеш онро дида бошад, дар ҳоли имрӯз дида дар њайрат меафтад. Биноҳои баландошёна, иншоотҳои маъмурию фарҳангию иҷтимоию иқтисодии бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёдгардида, кӯчаю хиёбону маҳаллаю мавзеҳои басо фораму дилкаш, қасру кохҳои навбунёд, корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, истеҳсолию фарҳангӣ, боғҳою гулгаштҳои дилфиребу афсонавӣ дар ду-се соли охир шаҳрро ба дараҷаи шинохтанашаванда дигар кардаанд. Бинандаи солҳои пеши пойтахт, ки ҳатто як даҳсола ба Душанбе нарафта бошад ва имрӯз ба он ҷо равад, ҳеҷ бовараш намеояд, ки дар як муддати кӯтоҳ ин қадар дигаргуниҳо рух дода бошад. Тазаккур бояд дод, ки шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта дар пешрафти ҷомеаю давлат нақши муассиру муқтадире дорад. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ яке аз ҳамин гуна шахсиятҳои ҷавону баиқбол, ватанпарвару инсондӯст, ташкилотчию ташаббускор ва нисбати ояндаи миллату давлату кишвар ниҳоят хушбину ояндадӯст мебошад, ки рушди бемайлони пойтахти Ватани азизамон - Душанбешаҳр бевосита ба ҳамин сифату хислатҳои ин шахсияти хушсурату хушсират пайвастагии зич дорад. Маҳз тараққиёту инкишофи соҳаҳои мухталифи сиёсию иқдисодӣ, иҷтимоию маънавию фарҳангӣ, сайёҳию варзишии пойтахтро дида, дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки пешрафту тараққиёти имрӯзаи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро маҳбуби кулли мардуми Тоҷикистон гардондааст ва ин маҳбубият ин ҷавони неруманду тавоноро ба сӯйи комёбиҳои боз ҳам баландтар ва муваффақиятҳои беназир ба нафъи халқу Ватан ҳидоят менамояд.
Рустами Эмомалӣ, аз рӯйи шунидам, як шахсияти ҳалиму хоксор ва заминӣ буда, бо мардум муносибати хушу меҳрубонона дорад. Ҳар гоҳ ки мо, фарзандони оилаамон, дар хонаи падару модар ҷамъ шавем, падарамон дар бораи бисёр одамони наҷиб, ки худашон дидаанд ва ё маълумоте доранд, қисса мекунанд. Дар хотирам ҳаст мо ба наздикӣ гирди дастархони падар ҷамъ омадем ва падар дар бораи ин шахсияти ҷавону наҷиб чунин нақл кард:
Дар ҷанозаи шахсе, ки аз гирифтани номаш худдорӣ менамоям, иштирок доштам. Вақте ки маитро ба манзилгоҳ бурдем, ҳар кадом дар гӯру чӯб кардани он то андозае ҳисса гузоштем. Як вақт бинам, ҷавоне китфамро, ки каме хоколуд шуда будааст, бо дастонаш афшонд. Нигоҳ кунам, дидам, ки ҷавон ношинос аст, баъд аз андаке аз як шогирдам, ки он ҷо иштирок дошт, пурсидам: «Ана ҳамон ҷавонро нашинохтам». Шогирд чунин ҷавоб дод: «Писари Ҷаноби Олӣ - Рустам аст». Худ ба худ фикр кардам: «Чӣ қадар ҷавони хоксору оддӣ будааст, дидадарою гармрӯ».
Падар ба мо рӯ оварда, гуфт:
- Ана дидед, фарзандони азизам, одамон дар кадом мартабаю мақоманд, вале чӣ қадар оддию хоксор! Шумо ҳам бояд ҳамин тавр бошед. Зеро хирадмандон гуфтаанд:
Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад, аз ин боло париданҳо.
Ё худ:
Шамшер тасодуфан расад бар сари паст,
Он бар сари марди сарбаланд аст мудом.
Суханашро давом дод падарам:
Ин шахсияти ҷавон Ватани моро боз ҳам шукуфонтар хоҳад кард. Ман ҳанӯз дар даврони парокандашавии давлати абарқудрати Шӯравӣ дар анҷумани ҲКТ иштирок доштам ва бо чашмони худ дидам, ки падари ин ҷавони болаёқат, Пешвои миллати азияткашидаамон барои ҳифзи қонуният, барои ҳақиқату адолат, барои пешгирии ҳама гуна падидаҳои нохушу номатлуб дар анҷуман баромадҳои таъсирбахшу дурандешона мекарданд. Ҳамин ҷаҳду та-лошҳои инсонпарварона, ватандӯстона ва андешаҳои олии наҷибона буданд, ки Ҷаноби Олиро ба ин дараҷа расонданд. Албатта, аз ин гуна оила чунин шахсиятҳои наҷибу содиқу фидокор нисбат ба халқу Ватан ба воя мерасанд.
Гуфтаҳои падар моро водор месозад, ки дар зиндагӣ нақшу мақоми арзандаи худро дошта бошем.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар айни ҷӯшу хурӯши зиндагӣ бо як қувваю матонати ҷасуронаю шуҷоатмандона барои ояндаи неки Тоҷикистони маҳбуби мо ҷиддан камари ҳиммат бастаанд. Эй хушо, ки чунин фарзандони баору номус дар кишвари мо бисёр шаванд ва Ватани азизамон боз ҳам ободтару хуррамтар гардад!
Душанбешаҳр ва тамоми кишвари азизамон имрӯз ба чунин шахсиятҳои неруманду тавоною заковатманду маърифатпарвар ва ташкилотчию ташаббускор, ки дорои андешаҳои олии инсонӣ мебошанд, аз пешвақта бештар ниёз дорад. Танҳо чунин шахсиятҳо имконият доранд, Тоҷикистони азизи моро ба дараҷаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон бурда расонанд.
Фозилҷон Нуров, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон