БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ

АНДЕША. Санаи 17- уми  марти соли 2020 Иҷлосияи якуми  Маҷлиси миллии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он якчанд масъалаҳои мубрами руз баррасӣ гардиданд.

Сараввал, баъди кушода шудани иҷлосия тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 

Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани  муҳтарам Рустами Эмомалӣ, новобаста ба ҷавон буданаш дар вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ ва зебогии пойтахти чумҳуриямон шаҳри Душанбе мунтазам кӯшиш ба харҷ дод. Маҳз тавассути кордониву заҳмати шабонарузии ӯ имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё мубаддал гардидааст.

Ин аст, ки имрӯз меҳмонони дохилу  хориҷи кишвар ҳангоми ворид гардиданашон ба шаҳри Душанбе аз зебогии он ҳаловат мебаранд.

Дигаргуниҳои куллие, ки дар самти ободию пешрафти пойтахти ҷумҳуриамон таи солҳои охир ба амал омадаанд, ифодагари он аст, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар партави сиёсати хирадмондонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба яке аз шаҳрҳои тараққикардаи ҷаҳон табдил додани пойтахти ҷумҳурӣ суботкорона камари ҳиммат бастаанд.

Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахти кишвар ҳанӯз моҳи аввали соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор мақоми аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Дар ин феҳрист шаҳри Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гардид.

Соли 2018 бошад, пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои рушди имкониятҳои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Дар самти оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш фаро гирифтани шаҳрвандони пойтахт бошад, баҳрабардории 231 майдончаи варзишӣ ва 71 боғу гулгашти замонавӣ рушду инкишофи соҳаҳои мазкурро  ба таври бесобиқа таъмин намуда, ба марҳилаҳои сифатан нав расонид.

Албатта, таъкиду ёдошт ва ҷузъе аз далоили зикргардида, шумори аз он дастовардҳои аввалине мебошанд, ки иҷро ва амалисозиашон барои се даҳаи  давлатсозии навинамон  бори нахуст ба татбиқ мерасанд.

Вале нуқтаи аслии муҳиме, ки дар як фурсати хеле ками вақт боиси ин ҳама комёбиву шуҳратёр шудани пойтахти маҳбубамон гардид, натиҷаи фаъолияти пурсамари ана ҳамон парвардаи мактаби мураккаби сиёсие мебошад, ки имрӯз олами башарият миллати сарбаландашро танҳо бо номи Пешвои муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд.

Дар ин замина гуфтанием, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади арзанда мебошад.

Назарзода  Шодигул, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg