БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ҶАВОНЕСТ ДАР САҲФАИ ТАЪРИХ

АНДЕША. Аз номи занону модарони   шаҳри Норак  муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулияту пурифтихор Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоем.

Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки бузургтарин дастоварди  миллати тоҷик дар тӯли таърих, ин ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ буда,  фарзандони бонангу номуси он нобиға ва ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбанд.

Ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани яке аз фарзонафарзанди миллат Рустами Эмомалӣ - ҷавони бонангу номус, ки бо ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд гузошта истодааст, хеле бомаврид мебошад.

Дар даврони фаъолияти кориаш Рустами Эмомалӣ дар пешрафти кишвар саҳми басо назаррас гузоштааст. Аз  рӯзе, ки Рустами Эмомалӣ вазифаи Раиси шаҳри Душанберо ба уҳда дорад, симои пойтахти кишварамон рӯз аз рӯз зебову дилоро гашта истодааст.

Дар баробари пешарафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр обрӯ ва нуфузи шаҳр  дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, ба ҷаҳониён ба таври густурда муаррифӣ карда шудааст. Тибқи баҳогузории нашрияи бритониёии “The Independent” шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шуда, Душанбе аз ҷониби Агентии таҳлилии “ТурСтат” ба феҳрести даҳгонаи ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ ворид гардид, ки ин ҳама пешравиҳо таҳти роҳбарии ин ҷавони ватандӯст ба даст омадааст.

Талошу кӯшишҳои ин роҳбари  ҷавон барои ободу зебо ва шукуфон сохтани Душанбешаҳр, ҳамзамон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва равнақи ҳаёти иҷтимоии пойтахтамон Душанбешаҳр нигаронида шудааст.

Дастовардҳои намоён дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии пойтахт ба Рустами Эмомалӣ имкон дод, ки ҳамчун шахси кордону ботаҷриба, худогоҳу сиёсатмадор ва шаҳрдори комёб ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шавад.

Фаъолияту кордонии Рустами Эмомалӣ беҳтарин намунаи ибрат барои ҳар як ҷавон буда, дар сафҳаи таърихи миллати тоҷик нақш мебандад.

 

Гулмуродзода Қумриниссо, сокини шаҳри Норак

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg