Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Латифзода Асрор Қурбон муовини Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо кормандону аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва ихтиёриён вохӯрӣ анҷом доданд.
Латифзода Асрор Қурбонро зимни сафари кориашон Гадоев Салим намояндаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ҳусейнзода Наврӯз роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамроҳӣ намуданд.
Баъд аз суҳбат бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва боздид аз утоқҳои кории кормандон мавсуф бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии «Варзишгарон» ва «Роҳсозон», ки дар саҳни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия машғули корҳои созандагиву хуррамгардонӣ буданд, вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат Латифзода Асрор аз иштирокдорон баҳри самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи замин ва захираи маводҳои ғизоӣ дар оянда даъват ба амал оварда, таъкид намуд, ки мо бояд ба таҳлука наафтода ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ баҳри пешгирӣ аз бемории коронавирус муносибати ҷиддӣ намоем.
Инчунин, бо аввалин волонтиёрҳои ҳизбӣ мулоқот доир гардида, заминаи таъсиси гурӯҳи ихтиёриёни (волонтиёрҳо) ҳизбиро дар ноҳия асос гузоштанд. Гурӯҳи навтаъсиси ихтиёриён аз ташкил ва вохӯрӣ бо онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда доданд, ки тамоми нерӯ ва дониши худро баҳри ободонии як гӯшаи диёр дареғ намедоранд.