ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии "Шифо" корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Махтумқулӣ ба роҳ монданд.
Масулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд, ки теъдоди умумии тасдиқшудагони бемории коронавирус дар тамоми олам аз як миллион гузаштааст. Аз ин шумора зиёда аз 60 ҳазор нафар ҳалок гаштаанд. Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бори дигар аз тамоми кишварҳо даъват менамояд, ки бо мақсади суст намудан ё ҷилавгирӣ кардан аз авҷи коронавирус тадбирҳои назоратӣ ва пешгириро тақвият бахшанд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ атрофи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, вобаста ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ки дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, муфассал суханронӣ карда шуд.