ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Омор» маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум ва вазифаҳои аввалиндараҷа барои фаъолияти минбаъда бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон гузаронида шуд.
Зимнан ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи фаъолияти семоҳаи соли ҷорӣ шунида шуда, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуданд.
Сипас, намояндагони ҳизбӣ дар бораи самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, пешгирии бемории (COVID-19), ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дастурҳои қатъӣ дода шудааст, андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии босаодати сокинон равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз мо бояд дар иҷрои саривақтии масъалаҳои болозикр масъулиятнокӣ зоҳир намоем. Чунки ояндаи давлату миллат аз меҳнатдӯстӣ, доштани маърифати баланди шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Дар охир аз ҷониби кормандони ҳизбӣ ба иштирокдорони маҷлис оид ба пешгирии бемории коронавирус варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.