ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб заминҳои корам бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ доир гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулин аз ҳар як сокини деҳаву маҳалла даъват ба амал оварданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани замин ва бардоштани ҳосили фаровон саривақтӣ буда, мо вазифадорем, ки дар амалигардонии ҳадафҳои созанда, талош варзем. Инчунин, дар идома дар бораи бемории сироятии коронавирус ба мардум маълумоти зарурӣ дода, таъкид карда шуд, ки ҳифзи солимии ҷомеа аз ҳама муҳим буда, ҳар як шахс метавонад аз тавсияҳои табибон васеъ истифода намояд.