БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁТ НИМИ ҲАЁТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Қиёти Ҷамоати деҳоти  ба номи  Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, ҳангоми дастрасии варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он таъкид карда шуд. Инчунин, гуфта шуд, ки хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол чунин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ танҳо ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Ба ҳаргуна овозаҳои бардурӯғ дода нашуда, барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоед.

Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg