
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил карда, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии кӯчаҳои “Шарқ” ва “Тағоев”-и Ҷамоати шаҳраки Данғара бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбиро доир карданд. Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ дар бораи бемории сироятии коронавирус ва сафарбар кардани сокинон ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ андешаронӣ карда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки татбиқӣ дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи шаҳрвандии мо мебошад.