БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон  бо роҳбарият ва сокинони ноҳияи Восеъ вохӯрӣ доир намуданд. Нахуст,  аз корҳои сохтмонии бинои Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳия дидан намуда, сипас бо ҳамроҳии раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло бо сокинони деҳаи Тугарак аз наздик суҳбат карданд. Зимни суҳбат гурӯҳи корӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод намудани хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаву роҳравҳо, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ   маслиҳатҳои муфид доданд.

Инчунин, дар рафти суханронӣ  оид ба пешгирии бемории вируси нави “COVID-2019”, риояи қоидаҳои гигиенӣ, худдорӣ аз баргузории маъракаҳо ва иштирок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъкид намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg