Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбик намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , корҳои ободонию бунёдкориро бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои маркази ноҳия дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар маркази ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Баҳор Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!»-ро баргузор намуд.
Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар иштироки фаъолона дошта, роҳҳои одамгузари кӯчаҳои маркази ноҳияро сафолакпӯш карданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки сокинон дар ояянда низ тасмим гирифтанд, ки роҳҳои кӯчаҳои маркази ноҳияро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмиру тармим ва сафолакпӯш менамоянд.