![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200422_115911.jpg?itok=7xHLOz9p)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирусро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дар байни мардум бо усули «хона ба хона» ҳамзамон истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда истодаанд.
Чунин чорабинии ҳизбӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ дар деҳаи Тулаганови Ҷамоати деҳоти Фирӯза доир гардида, ба сокинон фаҳмонида шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои пешгирии беморӣ варақаҳои тавсиявиро дастрас карданд.