ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Молия» вохӯрӣ оид ба пешгирии бемории (COVID-19) ва маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон гузаронида шуд.
Зимнан аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ дар бораи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб оид ба пешгирии бемории сироятӣ ёдоварӣ карда, таъкид намуданд, миллат солим бошад давлат устувор мемонад. Аз ин хотир моро лозим аст, ба солимии худ диққати махсус зоҳир намом. Сипас, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ба ҷамъомадагон доир ба фаъолияти семоҳа пешниҳод карда шуда, барои боз ҳам ҷоннок ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ба шахсони мутасаддӣ як қатор тавсияҳои судманд дода шуд.