БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДАСТУРХОНРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №4» оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин  иброз доштанд, ки бемории коронавирус (COVID-19), бемории сирояткунандае мебошад, ки дар натиҷаи таҳлилҳо ба наздикӣ кашфшуда ба вуҷуд омадааст. Қисми зиёди аҳолии ҷаҳон, ки ба ин бемории сирояткунанда мубтало гаштаанд, аз бемории роҳи нафас шикоят мекунанд. Одамони калонсол ва онҳое, ки мушкилоти ҷиддии саломатӣ доранд, эҳтимоли зиёди мубтало шудан ба ин бемориро доранд. Аз ин лиҳоз мебояд ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ба қоидаҳои беҳдоштӣ,  риояи гигиенаи шахсӣ ва масуният аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамзамон, дар масъалаи истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ сухан рафта, қайд гардид, ки моро зарур аст, дар вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ, ки бо сабаби бемории (COVID -19) боз ҳам мураккабтар гаштааст аз заминҳои насдиҳавлигии худ самаранок истифода намоем, дар шароити иқлими мо, ки мусоид аст аз ин заминҳо то се маротиба ҳосил гирифтан мумкин мебошад. Ҳамчунин, заминҳои назди ташкилоту муассисаҳоро низ мебояд самаранок истифода бурд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg