ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид вохӯрӣ доир гардид.
Зимни мулоқот аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки ҳадафҳои стретегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд бо истифода аз шароитҳои муҳайёкардаи Сарвари давлат бо рафтору гуфторашон намунаи дигарон бошанд. Чунки ояндаи давлату миллат аз насли наврасу ҷавон вобастагии калон дорад. Сипас, дар ин раванд оид ба бемории сироятии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои киштшаванда ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ суханронӣ карда шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.