ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Талимазор вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Раҷабзода Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроия оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ба зироаткорию кишоварзӣ дар ҳар сотиқи замин, инчунин вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию ободгароӣ бо љалби фаъолон, аъзо ва љонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияҳои ҳизбии “Якљоя ҳал мекунем!” ва “Якљоя месозем!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аз сокинон даъват ба амал овард, ки саломатии мо дар дасти худи мост. Барои солим нигоҳ доштану аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин мондан, беҳтарин даво риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истеъмоли хӯрокҳои ғизонок мебошад. Чунки агар организм боқувват бошад, ягон намуди беморӣ бо организми мо мубориза бурда наметавонад ва ба мо сироят карда наметавонад. Дар охири суҳбат ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.