БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШИФО” НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии  “Шифо” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва вазифаҳои аввалиндараҷа барои давраи ҳисоботӣ доир гардид.

Зимни баргузории ҷаласа  масъалаҳои саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои аввалиндараҷа ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирии сокинон аз бемориҳои сироятӣ, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бобати таъмини амнияти озуқаворӣ  ва  ҳисоботи  семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ доир ба масъалаҳои љорӣ, аз љумла  масъалае, ки имрӯзҳо тамоми љаҳонро ба ташвиш овардааст, бемории сироятии коронавирус андешаҳои хешро баён дошта,  таъкид карданд,  ки  баҳри пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро љоннок намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg