ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди ноҳияи Панҷ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемори сироятии коронавирус, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин ва тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Ин навбат чорабинии ҳизбӣ дар маҳаллаи Зафар доир гардида, аз ҷониби масъулин таъкид карда шуд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин шароити ҳассос шарт ва зарур мебошад, агар мо ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии хонаву лавозимоти рӯзгор қатъиян риоя кунем, ягон намуд бемории сироятӣ ба мо сироят карда наметавонад. Инчунин, дар идома аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амнияти озуқаворӣ мо шаҳрвандон ҳар ваҷаб заминҳои киштшавандаро бояд оқилона истифода намоем, то ин ки дастурхони худ ва дигаронро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоем.