
Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорон корҳои ободонию бунёдкориро ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои маркази ноҳия, таъмини шароити мусоид ба сокинон дар боғи фарҳангию истироҳатӣ дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» чунин корҳои созандагӣ доир карда шуд. Бо мақсади боз ҳам беҳтару хушнамо шудани боғи фарҳангӣ- истироҳатии маркази ноҳия бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, роҳҳои дохили боғ ба масофаи 270 метр сафолакпӯш карда шуд.