БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ РОҲНАМОӢ КАРДА ШУДАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид  дар ташкилоти ибтидоии  “Маорифчиён”  маҷлиси ташкилоти ибтидоии мазкур доир гардид.

Дар кори маҷлис Мирвоҳид Абдуллоев оид ба саҳми аъзои ҲХДТ  дар корҳои ободонию созандагӣ  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҳизбӣ ва  ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус  сухаронӣ намуда, ба масъулин  барои пешрафти кору фаъолияти  ташкилоти ибтидоӣ як қатор тавсияҳои судманд дод.

Ҳамзамон, барои  баланд  бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ба  иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва тарзи дурусти истифодабарии заминҳои кишоварзӣ дастрас  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg