БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТО РАНҶ НАБИНӢ, ГАНҶ БА ДАСТ НАОРӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Абӯали ибни Сино”  ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудани  сокинон аз бемориҳои сироятии хавфноки коронавирус чорабинии ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён иштирок дошта, дар бораи  ин бемории сироятӣ  маълумоти муфассал дода, сокинонро таъкид карданд, ба  тозагии хонаву маҳали зисти худ, риояи гигиенаи шахсӣ ва оила ҳатман ба  тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.  Чунки пешгирии ҳар гуна  беморӣ аз табобати он хубтару беҳтар аст.  Инчунин, дар ин радиф  дар бораи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи  якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба мардуми шарафманди тоҷик доданд, андешаронӣ карда шуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар порча заминҳои  наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасонро  самаранок истифода бурда, маҳсулоти кишоварзӣ кишт намоянд ва барои ба даст овардани ҳосили баланд меҳнат кунанд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg