
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар муассисаи таӽсилоти миёнаи умумии №68-и Ҷамоати деӽоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ вохӯрӣ оид ба пешгирии бемории коронавируси навъи (COVID-19) бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ доир гардид.
Дар мулоқот масъулин оид ба хавфи ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии он баромадҳо намуда, таъкид карданд, ки эмин будан аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истеъмоли ғизои витаминнок ва дурӣ ҷустан аз шахсони бемор мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.