БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Зарифова Дилбар дар маҳаллаи Ҳаёти нав вохӯрӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои корам доир карда шуд. Дилбар Зарифова зимни суханронӣ иброз дошт, ки мақсади асосии вохӯрӣ аз наздик шинос шудан бо масъалаҳои мавҷудаи маҳал ва фаҳмонидани ҳолати воқеии ба амаломада вобаста ба бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам мебошад. Сипас, намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, омилҳову хатарҳои гирифторшавии шахс ба ин беморӣ, тавсияҳои мутахассисон барои пешгирӣ аз коронавирус муафассал маълумот дода, таъкид карданд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбии беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати мамлакат низ барои пешгирӣ кардан аз он тамоми чораҳоӣ заруриро роҳандозӣ карда истодааст.
Сипас, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, қайд гардид, ки самаранок истифода бурадани ҳар ваҷаб замин ба нафъи кор буда, барои ғанӣ гардидани буҷаи давлат ва оила мусоидат мекунад. Ҳаминро ба инобат гирифта, давлату Ҳукумати Тоҷкистон барои мақсадок истифода бурдани замин таваҷҷуҳ дорад.