БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “Зархез”- и Ҷамоати деҳоти Ҳалевард  оид ба  пешгирии бемории коронавирус, самаранок ва оқилона истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва инчунин, саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар корҳои ибодонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  бо сокинон чорабинӣ доир гардид.

Масъулин дар рафти суҳбат  дар бораи масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён дошта, таъкид карданд, ки  татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ  ба манфиати ҳар яки мо буда, моро лозим аст, ҳар ваҷаб заминҳои киштшаванда, заминҳои бекорхобидаро  маҳсулоти кишоварзӣ кишт намоем ва бо заҳмати софдилона ҳосили хуб ба даст  биёрем. Дар охир варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ кардани бемории коронавирус ба сокинон бо усули “хона ба хона” дастрас карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg