АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти комили худ дар давраи начандони тӯлонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, обрӯву эътибори хоса ба даст овард.
Истиқлолият, озодӣ ва сулҳу ваҳдат бебаҳотарин дастовард барои миллати тоҷик дар тӯли таърих мебошад. Ноёбтарин неъмати инсонӣ, кафолати рушду пешравии дилхоҳ давлат, озодӣ мебошад, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин неъмати худододиро дорост.
Ҳамаи ин дастовардҳои бузурги миллат бо кӯшишу заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омаданаш ба миллати сарбаланди худ ваъда дода буданд, ки барояшон сулҳу озодӣ меоранд. Дар ҳақиқат барои миллати ҷафокашидаи худ сулҳу озодӣ оварданд.
Дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишвар басо назаррас буда, ҷавононро қувваи бузург, неруи созандаву ташаббускор ва ояндаи миллату давлат муаррифӣ намуда, онҳоро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин менамоянд.
Имрӯз яке аз ҷавонони бонангу номуси миллат Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ ба ин вазифаи пурмасъул масъулияти ин ҷавони боғайрату шуљоъро боз дучанд менамояд.
Рустами Эмомалӣ аз мактаби бузурги ҷавонмардӣ, нангу номус, ватандӯстию давлатсозӣ ва сиёсатмадории Пешвои миллат бо сарбаландӣ гузашта, имрӯз масъулияти бузурге дар давлатдории миллӣ бар душаш вогузор гардид.
Рустами Эмомалӣ дар зиндагӣ тарбияи шахсеро гирифтааст, ки ӯ барои ҳастӣ ва аз байн нарафтани миллати тоҷик ҷони хешро дареғ надониста, ҷавонии худро фидои ин роҳи пуршараф намудааст. Дар ҳақиқат Рустами Эмомалӣ ҷавони арзанда дар ин вазифа буда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мисли падари меҳанпарасту ватандӯсти худ аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул мебарояд.
Гулгулшукуфоии пойтахти кишварамон - Душанбеи зебову биҳиштосо собитгари ҷасорату кордонӣ, созандагиву ободкорӣ, фидоии халқу Ватан ва ояндасози миллату давлат будани ӯст. Душанбеи азизи мо бо роҳбарии ҷавонтарин марди сиёсат дар Тоҷикистон ранги дигареро гирифта, зебу зинаташро куллан тағйир дод ва маҳбуби ҳамаи сокинони кишвар гардид.
Дар симои Рустами Эмомалӣ ва амалҳои ногуфтаниву дастгириҳои беназираш маълум гардид, ки ҷавони кордону уҳдабаро аст.
Бо интихоб гардидани чунин ҷавони кордону ботаҷриба ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлоли мо боз ҳам дурахшонтар гардида, дар кутоҳтарин муддат ободтару зеботар мегардад.
Фирдавс Ғафурзода, корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак