БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОНИ АҚЛУ ДИЛ ЯК КАРДА ХИДМАТГОРИ ҲАМ БОШЕМ!

АНДЕША. Имрӯз ҷаҳонро бемории даҳшатангез, вабои аср каронавирус (COVID-19)  фаро гирифтааст, ки ягон нафарро бетараф гузошта наметавонад. Хушбахтона ин беморӣ дар кишвари маҳбуби мо то ҳол ба қайд гирифта нашудааст ва Худо кунад, ки пои наҳсашро ба Тоҷикистон нагузорад. Мо ҳамарӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО мебинем ва мешунавем, ки аз ин  вабои аср чи қадар одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Хеле даҳшатангез аст, ки азизонашонро яке падар, модар ва фарзандро аз даст медиҳад. Вале мутаассифона, имрӯз  сомонаҳои  “Радиои Озодӣ”  ва “Ахборком” аз ин фурсатҳо истифода бурда, бо хабарҳои дурӯғи худ дар дили мардум тарсро ҷой медиҳанд. Вақте, ки хабари марги касеро мешунавӣ дили кас реш-реш мегардад. Новобаста аз қавму миллат, нажод, мазҳаб, дину оин ҳама инсонанд. Вале Радиои озодиро ин чиз не фақат мешуморанд, ки имрӯз чанд нафар ҷон дод, ки бемор шуд, чанд нафар дар карантин ҷой шуд. Дари масҷидҳои Тоҷикистон баста шуду мактабҳо не. Мардуми азиз бо карантин шудан чиро ба даст меоред. Дар ҳар як хонаи тоҷик камаш чор панҷ фарзанд ҳаст. Ман фикр мекунам ҷое, ки ин мактаб аст. Ҳамарӯза дар муассисаҳои таълимӣ бо љалби мутахассисони соҳа корҳои безараргардонӣ рафта истодааст ва маводҳои антисептикӣ таъмин карда  мешаванд.   Дар фаъолияти кории худ мебинам, ки падару модарон, чи хеле ки дар мактабҳо назорат аст, дар хонаҳо ин хел назорат намекунанд. Як рӯзи истироҳатиро мисол меорам, кӯдакон аз саҳар то бегоҳ дар кӯчаҳо бо сару рӯи ифлосу хоколуд мегарданд, пас аз хона дида магар мактаб ҷои амн нест?. Чи  қадар омӯзгорон дар ташвишанд, то ин ки хонандагон беназорат намонанд. Имрӯз маорифчиён масъулияти бузургеро бар душ гирифта, мекўшанд то хонандагон ба гигиенаи шахсӣ риоя кунанд. Мо бояд тамоми сокинони кишвар ангуштони як панҷа шуда, барои ҳифзи худу фарзандонамон кӯшиш ба харҷ диҳем, на фирефтаи ҳар гуна овозаҳо шавем.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи сиҳатмандии мардуми тољик  ҳама чораҳои заруриро андешида  истодааст. Ман ҳамчун зан- модар, омӯзгор аз тамоми мардуми шарифам даъват ба амал меорам, ки:

Яке гардем дар рафтору дар гуфтору дар кирдор.

Забони ақлу дил як карда хидматгори ҳам бошем.

Аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, роҳҳои пешгирии ин бемориро ба мардум фаҳмонем. Ба иғвову овозаҳои беасос бовар накунем. Зери шиори “Шишаи номуси  олам дар бағал дорем мо” амал намуда, якдилона барои сиҳатии мардум дар талош бошем, зеро ки Тоҷикистон аз мост, ки бар мост!   Дуогӯи мардуми хешу бани одам ва тамоми ҷаҳон бошем.  

Дилафрӯз Сироҷиддинова, директори МТМУ № 17-и ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg