БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ АСТ КАФОЛАТИ ПИРӮЗИҲОИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

АНДЕША. Аз номи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулияту пурифтихор самимона шодбош намуда, барояшон таманнои муваффақият мекунем.

Дар ҳақиқат ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасмими одилона ва оқилонаест, ки имрӯз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаанд. Бо интихоби як ҷавони соҳибистиқлол, як ҷавони муваффақ ва воқеан ҳам, ватандору ватандӯст, ки намунаи ибрати кулли ҷавонони кишвар ва ормоншикани дили модарону занони тоҷикистонӣ аст.

Дар як муддати начандон дароз шаҳри Душанберо бо таъин гардиданаш ҳамчун Раиси шаҳри Душанбе шаҳри ормонҳои дили ҳазорон тоҷику тоҷикистонӣ гардонду ҳайрате барои меҳмонони хориҷи кишвар.

Дар урфият мегӯянд, ки: “Кор ба кордон осон аст” ва ё “Майлу хоҳиш аст асоси пешравиҳо”. Ин ҷавони муваффақ бо як шуру шарари ҷавонмардона, бо дасту бозуи Рустамона, бо ҳисси баланди тоҷикона ва худшиносии одилона маркази Тоҷикистони азизи моро намунае сохт, ки ҳамто надорад.

Фаввораҳои фаровону ташнашикан, боғҳои дилнишину рангин, гулбоғу гулгаштҳо, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои ҳамвору хушсифат ва ҳазорон корҳои ободонӣ аз бузургдиливу бузургсолории Рустами Эмомалӣ мебошад.

Дар воқеъ Рустами Эмомалӣ шоҳзодаи асилеро мемонад, ки бо вуҷуди аз насли Пешвои миллат будани худ мекушад, то барои ин миллат барои ин насл, барои ин ҷавонон, барои кӯдакони хуштолеъу модарону занони сарбаланди диёр кореро ба сомон расонида бошад.

Зиҳӣ ба чунин раҳбар, ба чунин пешбар ба чунин ғамхору ҳамдами халқи бузург, чун халқи тоҷик.

Мо модарону занони тоҷик бароят дуои хайр намуда, дар пешбурди фаъолияти пурсамаратон комёбию муввафақиятҳои навро орзу менамоем.

Саёҳат Абдуллоева, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи интихоботии  № 7

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg