АНДЕША. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён муҳтарам Рустами Эмомалиро бо интихоб шуданашон ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама саломатӣ ва дар фаъолияти пурсамари кориашон муваффаќиятњои беназирро таманно менамояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дастгирии ҷавонони болаёқат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Певои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати имрӯза ба шумор рафта, дар ин ҷода ҷомеаи имрӯзаи мо ба ҷавонони бофазлу дониш ва ташаббускору навовар ниёз дорад. Имрӯз ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, як гурўњи дастовардҳои кишвар аз меҳнату заҳмати софдилонаи онҳо маншаъ мегирад.
Мисоли равшани онро дар симои сиёсатмадори ҷавони замон муҳтарам Рустами Эмомалӣ хоҳем дид. Аз рӯзе, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба мансаби раиси шаҳри Душанбе таъин гардид, пойтахти кишвари азизамон симои худро куллан тағийр дод. Дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи шаҳр дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада, некӯаҳволии сокинони он ба маротиб беҳтару хубтар шуд. Дар ин росто маърифати шаҳрдории сокинони пойтахт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода аст. Пойтахтамон имрӯз хеле пеш рафта истодааст.
Мо ҳизбиён боварии комил дорем, ки баъди ба ин мансаби басо пуршарафу пурмасъул интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон боз ҳам дар атрофи сиёсати оқилонаи ӯ муттаҳид гардида, ҷавонони кишварро ба фардои нек ҳидоят мекунанд.
Маҳмадаюб Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён