ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии "Маркази саломатӣ" корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии ин вирус дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли деҳаи Вахш ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ атрофи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, вобаста ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ки дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, муфассал суханронӣ карда шуд.