БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒУ ТАШВИҚИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус бо хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 суҳбат гузарониданд.

Зимни баромад масъулин оид ба риояи  қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ҳарф зада, қайд намуданд, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон то ба имрӯз ба қайд гирифта нашудааст ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳию безарагардонӣ ба хотири пешгирӣ мебошад. Инчунин, дар идома 18  намуди қоидаҳои беҳдошти саломатӣ барои пешгирии бемории коронавирус дастонро бо собун шустан, даҳону биниро бо ниқобҳои тиббӣ маҳкам кардан, аз ҳайвонотҳои хонагию кӯчагӣ дурӣ ҷӯстан, гӯшт, шир ва тухмро пеш аз истеъмол хуб пухтан, ба варзиш машғул шудан, худдорӣ аз ҷойҳои серодам, дастфишорӣ ва бӯсидан,  истеъмоли хӯрокҳои ғизонок ва ғайраҳоро ба иштирокдорон фаҳмониданд.      

Дар охири ҷамъомад ба ҳамагон маводҳои таблиғотӣ  дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg