ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Анҷиркони Ҷамоати деҳоти Панҷруд бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Зимни суҳбат масъулин дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ сухаронӣ карда, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ сол ба сол тараққӣ карда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меорад.
ҲХДТ ба ташаккули механизмҳои таъмини афзоиши давомнокии умр ва солимии аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.