ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади љалоби сокинон ба корҳои ободонию созндагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи коидаҳои санитарию гигиенӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти солим» мулоқот баргузор намуданд.
Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳар як ташкилоту муассисаи ҳудуди ноҳия барои дар сатҳи зурурӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки саҳми босазои худро гузорад.
Ҳамзамон, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус иброз доштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъуният (имунитет)-и организми худро қавӣ нигоҳ доранд.