БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОКУ ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” оид ба пешгирии бемории коронавирус навъи (COVID-19) доир гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби масъулин оид ба пешгирии ин беморӣ, тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни суҳбат масъулин қайд намуданд, ки пайдо шудани босуръат ва паҳн гардидани вабои коронавирус ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникиву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Вобаста ба вазъи баамаломада аз ҳар як шаҳрванди мамлакат даъват мекунем, ки дар пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии ин вабо дар қаламрави ҷумҳуриамон тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо саҳми шоистаи худро гузоранд. Инчунин, дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду-се ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ муфассал суханронӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg