БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ КОРОНАВИРУС НИГОҲ ДОРЕД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемории сироятии (COVID-19) ҳамарӯза корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиҳиро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо ҷараён дошта, муҳтавои мулоқот асосан риояи ҳолатҳои санитарӣ мебошад. Масъулин зимни андешаронӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, омилҳои пайдоиши бемориҳои вирусӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумот дода, таъкид карданд, ки ин беморӣ  на танҳо ба саломатии ҷисму руҳ, балки ба иқтисодиёти миллии ҳар як давлат хатар ворид мекунад.  Инчунин, дар идомаи суҳбат  самаранок истифода бурдани замин ва ҷалби сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg