БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ-АСОСИ РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ дар ҳудуди минтақаи манзилии №1-и  шаҳри Норак  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Аз бемориҳои сироятӣ худ ва наздиконатонро ҳифз намоед» бо усули “хона ба хона” баргузор гардид.

Дар раванди чорабинии мазкур масъулини  ҳизбӣ ба сокинон таъкид доштанд, ки агар мо ба риояи гигиенаи шахсӣ мувофиқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ риоя намоем, боварӣ дорем аз бемориҳои сироятӣ наҷот меёбем. Имрӯз, ки ҷаҳон аз паҳншавии бештари коронавирус дар таҳлука афтодааст, хушбахтона, дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва моро зарур, аст ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар деҳаву маҳал ҷоннок намуда, мардумро аз ин масъала огоҳ созем.

Инчунин, дар рафти суҳбат доир ба ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки  истифодаи самарноки ҳар ваҷаб заминҳои корам вазифаи ҷонии ҳар як сокини  кишвар мебошад ва деҳқонони моро лозим аст барои ба даст овардани зироатҳои кишоварзӣ бештар заҳмат кашида, зиндагии худ ва бозорҳои истеъмолиро бо сабзавоти тару тоза таъмин намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg