БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЧИ ТАВР ХУДРО БОЯД МУҲОФИЗАТ НАМУД?

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади   пешгирии  хатари  бемории  коронавирус гурӯҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  тибқи ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  дар  байни  мардум бо  усули  «хона  ба  хона» , ҳамзамон   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир корҳои  фаҳмондадиҳиро    ба  роҳ  мондаанд.

Чунин чорабинии таблиғотӣ дар деҳаи Муротеппа 2-и Ҷамоати  деҳоти Фирӯза”  баргузор  гардида,  масъулин таъкид карданд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявиро ба сокинон дастрас карданд. Ёдоварӣ  намуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя намуда,  аз рафтан ба љойҳои серодам худдорӣ кунанд.

Ҳамзамон,  оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19» корҳои  мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати  истифодаи  самараноки  ҳар  қитъаи замини   наздиҳавлигӣ, ташкили  кишти зироатҳои  кишоварзӣ,  ҷамъоварии ҳосили баланд  ва  захираи  он ба дарки ҳамагон расонида шуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg