
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ ва истифодаи дурусти замин, инчунин фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур вохӯрӣ гузарониданд.
Масъулин оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ ҳарф зада, қайд намуданд, ки саломатии мо дар дасти худи мост, барои ин пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти оила, пӯшидани ниқобҳои ҳимоятӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд.
Инчунин, таъкид карданд, ки ҳар яки мо дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошем ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирем.
Ҳамзамон, оид ба ҷалби ҷавонон ба истифодаи дурусти замин, қайд карда шуд, ки истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замин боиси баланд гаштани сатҳи некӯаҳволиамон мегардад.