
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда истодаанд.
Ин навбат чунин чорабинии ҳизбӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Сари пул гузаронида шуда, ба сокинон тарз ва усули эмин нигоҳ доштани худ аз ин бемории сироятӣ маслиҳатҳои муфид дода шуда, онҳо ба кишту кор дар саҳро, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карда шуданд.