
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. дар ташкилоти ибтидоии “Ситора” ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз бемории сироятии коронавирус чорабинии ҳизбӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баргузор гардид. Масъулин дар рафти чорабинӣ варақаҳои таблиғотиро дастрас сокинон карда, таъкид доштанд, ки ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқоқоти танҳо барои пешгирӣ аз коронавирус мебошад. Ба овозаву сару садоҳои бардурӯғ бовар накарда, бо истифода аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва нишондодҳои дар варақаҳои иттилотӣ овардашуда баҳри пешгирӣ аз бемории коронавирус дар зиндагии ҳаррӯзаашон истифода баранд.