БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

COVID-19 ХАТАР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

 ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат”  корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб доир  ба роҳҳои гузариши бемории коронавирус навъи (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумот дода, афзуд, ки ягона роҳи наҷот ёфтан аз ин бемории хавфнок риояи гигиенаи шахсӣ,  тозагии хонаву лавозимоти рӯзгор  ва   истеъмоли хӯроки серғизо мебошад.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудан аз бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg