ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва дастгирии узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Гавҳаре аз умқи дарё” баргузор гардид, ки ба 80-солагии умри бобаракат ва 57-солагии фаъолияти омӯзгории Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Сафолбек Шаропов бахшида шуда буд.
Дар ҷараёни Конференсия суханронии раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ., маърӯзаҳои ходими калони илмии Муассисаи илмию тадқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон” оид ба маҳсулоти тиббии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродов Исомиддин дар мавзӯи “Аз шохсори илм”; доктори (PhD) оид илмҳои химия Халилов Қосимҷон дар мавзӯи “Дуои неки устод” ва доктори илмҳои табиатшиносӣ, дотсент, ходими калони илмии муассисаи илмию тадқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон” Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропов Фаррухшоҳ дар мавзӯи “Дар суроғи илм” шунида шуд.
Дар суханронии раиси ноҳия зикр гардид, ки омӯзгори варзида 57 соли умри азизи хешро сарфи касби пуршарафи муаллимӣ намуда, дар ин муддат садҳо нафар шогирдонро ба камол расонидааст, ки имрӯз даҳҳо нафари онҳо олимони соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табибони соҳибтаҷрибаанд.
Ҳамчунин, шогирдону ҳамкасбони устод дар рафти чорабинӣ суханронӣ карда, кору фаъолияти Сафолбек Шароповро шоистаи ҳама гуна қадрдонӣ донистанд.Китоби тозанашри “Гавҳаре аз умқи дарё” (мураттиб: Саёҳат Абдуллозода), ки ба иштирокдорони Конференсия рӯнамоӣ карда шуд, меҳрномаи 43 нафар дӯстон, ҳамкасбон ва шогирдони устод Сафолбек Шаропов аст. Ин маҳфили ихлосу икром шаҳодати меҳру садоқати ҷомеа ба аҳли илму ҳунар буд, ки бешубҳа, ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия мусоидати фаъол менамояд.