БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚИЁМИДДИН МИРАЛИЁН: “СОЛИМИИ КУЛЛИ МАРДУМИ САЙЁРА АЗ ЯК АМАЛИ СОДДАИ МО ВОБАСТА АСТ...”

АНДЕША. 18-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи дастурдиҳии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода асосан атрофи пешниҳоди 12 шакли оморие сухан рафт, ки бо мақсади сари вақт ва шаффофу дуруст роҳандозӣ шудани нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории чорабиниҳои ҳизбӣ таҳия мешаванд. Дар кори он раисон ва сармуҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

“Инъикоси раванди иҷрои корҳо тариқи пур кардани шаклҳои муқарраршудаи оморӣ бояд ҳамарӯза сурат бигирад”, – таъкид карданд раис ва афзуданд, ки ҳарчанд комёбиҳои меҳнатӣ кам нестанд, аммо баъзе супоришҳо сари вақт иҷро намешаванд. Биноан, ба масъулон дастур дода шуд, ки почтаҳои электронӣ ва телефонҳои мобиливу кории худро ҳамеша фаъол нигоҳ доранд. Зимни ирсоли мактуб, дархост, пешниҳод ва ҳисобот аз почтаи марказонидашудаи электронӣ самаранок истифода баранд. Дар се моҳ як дафъа ба кумитаи вилоятӣ оид ба бурду бохт ҳисоботи таҳлилӣ манзур созанд. Ва бо назардошти зарурате, ки ҳоло ба миён омадааст, бо мақсади боз ҳам боло бурдани донишҳои техникии мутасаддиён тасмим гирифта шуд, ки давраҳои нави омӯзишӣ ташкил карда шавад.

Бо дахл ба масъалаи баъзе аз аъзои ғайрифаъол ва ҳамзамон, дар пардохти ҳаққи узвият каммасъулият, Миралиён Қиёмиддин тоза кардани сафи ҳизбро салоҳи кор донистанд.

Доир ба ташаббусҳое, ки ҳизбиён дар ростои таҳдиди сирояти вируси нав фаровон анҷом дода истодаанд, сухан гуфта, раис масъулонро уҳдадор кард, ки ба хотири пешгирӣ аз COVID-19 иқдомҳои тавсиявии шифоҳӣ ва чопиро боз ҳам бештар ба роҳ монанд. “Солимии кулли мардуми сайёра ҳоло аз як амали дар назари аввал содаи ҳар шахс вобаста аст: гигиенаи шахсиро бечунучаро риоя кардан”, – иброз доштанд раис. Ва маҳз бо назардошти ҳамин масъалаи муҳим ҳама вазифадор карда шуданд, ки иқдоми ҷадиди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон: лоиҳаҳои ангоравии сохтмони заҳкаш бо усули дренаж барои ҳоҷатхона ва ҳаммом дар шароити деҳотҷойҳоро ва сохтмони Маркази қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандонро дар ҳар маҳалла пурра омӯхта, барои татбиқи онҳо нақшаи маҳалҳоро пешниҳод созанд ва баҳри ҳавасмандсозии алоқамандони лоиҳаҳо бо фарогирии чанд номинатсия озмун ташкил кунанд.  

Супориш шуд, ки ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ дар замони хатарҳои муосири иқтисодии ҷаҳонӣ ба масъалаи пурсамар истифода бурдани киштзорҳо, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ ва корхонаю ташкилотҳо корҳои ташвиқотӣ миёни сокинону кормандон боз ҳам тақвият дода шавад.

                                                                           

М. Акрамов, “Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg