БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ СЕМОҲАИ АВВАЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

АНДЕША. “Дар ҳоли ҳозир дар миқёси кишвар 37 дарсад ё худ 185 ҳазору 247 аъзои ҲХДТ ба вилояти Хатлон рост меояд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 фисад зиёд мебошад. Бо мақсади боло бурдани маҳорату малакаи корбарии ин нафарон, ки аксарашон кормандони ҳизбанд, дар се моҳи соли ҷорӣ бо фарогирии 11 ҳазору 435 нафар 207 семинар - машварат ва барои 4 ҳазору 74 нафар хонишҳои сиёсӣ доир карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фисад зиёд аст”.

Ин нуктаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода зимни ҷаласаи семоҳаи ҳисоботии раёсати вилоятии КИ ҲХДТ 18-уми апрели соли 2020 дар ҳузури узви раёсат – раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва аъзои дигар – раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ВАО зикр карданд.

– Дар натиҷаи баргузории интихоботи шаффофи парлумонӣ, дар ҳудуди вилоят зиёда аз 50 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдории ҲХДТ овоз доданд, ки дар шароити такмили институти демократия нишондиҳандаи муносиб арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, аз 69 номзади тариқи конференсияҳои ҳизбӣ ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбаригардида 65 нафар ва аз 923 номзади ҳизбӣ, ки ба вакилии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо пешбарӣ гардида буданд, 884 нафарашон дар интихобот пирӯз шуданд. Яъне дар маҷмӯъ, аксари курсиҳо дар мақомоти қонунгузорӣ насиби номзадҳои ҲХДТ гардид, ки ин муваффақияти ҳар як узви фаъоли ҳизб аст, – иброз доштанд Қ. Миралиён.

Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа љонибдори зиёд дошта, дар роњи расидан ба њадафи умдаи идеологї: фароњам овардани шароит барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум мудом тадбирњои муассири дорои хусусияти сиёсї, иљтимої, маънавї ва иќтисодиро амалӣ карда истодааст. Ва бо назардошти ин, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти таблиғотии сохторҳои ҳизбиро таҳия ва паҳн кардани маводи иттилоотӣ ташкил медиҳад, дар давраи ҳисоботӣ 818 лавҳаи сарироҳӣ, 18 ҳазору 228 китобча, 47 ҳазору 434 варақа, 122 барномаи телевизионӣ ва 128 мақолаи таҳлилии матбуотӣ таҳия гардида, ба сокинони вилоят пешниҳод карда шудааст. Мавзӯъ ва муњтавои маводњои иттилоотї аз њадафњои барномавї, дастуру супоришњои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муњтарам Эмомалї Рањмон, роҳнамоиҳои роњбарияти Кумитаи иљроияи марказї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон таркиб ёфта, ба хонанда бо сабку услуби осондаркшаванда расонида шудаанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таъкид карданд, ки минбари иттилоотии ҲХДТ дар вилояти Хатлон, қабл аз ҳама, ҳафтаномаи “Ҳамрози халқ” мебошад, ки ҳоло бо теъдоди 19 ҳазору 160 нусха ба дасти хонанда расида истодааст. “Дар семоҳаи ҳисоботӣ нӯҳ шумора бо теъдоди умумии 667 ҳазору 909 нусха чоп гардид, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 94,1 дарсад бештар аст. Асоси ин муваффақиятро такмил додани стратегияи идоракунӣ ташкил медиҳад. Манзурам, пеш дар як моҳ ду шумораи махсус чоп мегардид. Акнун он ба чор шумора расонида шуда, низоми ҳафтаномаро гирифт. Дар “Ҳамрози халқ” дар се моҳи соли ҷорӣ 44 мақолаи таҳлилии роҳкушо ва 338 хабар аз натиҷаи чорабиниҳои сохторҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо нашр шудааст. Бар замми ин, бо ҳамоҳангии ҳайати таҳририя 125 вокуниш ва баррасии 166 шикоят бо пешниҳоди роҳи ҳалли онҳо таҳия ва нашр гардидааст. Ҳайати эҷодӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба тақвият дода шуда, рӯзноманигорон ва муҳаққиқони варзида бо тариқи шартнома ба ҳамкорӣ ҷалб гардида истодаанд. Камбудии асосӣ он аст, ки дар шароити рақобат бо нашрияҳои электронӣ ҳафтанома ба робитаи баргашт ё худ мутақобила бо хонанда ҳанӯз даст наёфтааст. Хеле муҳим аст, ки хонанда интизори шумораи ҳарҳафтаина шуда, ҳамзамон, бо ҳайати эҷодӣ робитаи бевосита ва мунтазам дошта бошад”, – афзуд Қ. Миралиён.

Дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ электроникунонии муносибатҳои идоракунӣ муҳим арзёбӣ мегардад, ки бар ин асос дар сатҳи сохторҳои ҳизбӣ чораҳои таҳиясозӣ ва методию амалӣ бомаром ҷараён доранд. Чунончи, дар давраи ҳисоботӣ гардиши маводҳои электронӣ аз фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоят дар маҷмӯъ 9 ҳазору 379 ададро ташкил дод. Аз ҷумла, дар сомонаи кумита (www.hkhdtkhatlon.tj) 2 ҳазору 692 мавод ва дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ 3 ҳазору 122 мавод нашр карда шуд. Имрӯз дар сатҳи вилоят як сомонаи ҳизбӣ, ду саҳифаи иҷтимоии интернетӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 25 саҳифаи фейсбукӣ амал мекунад.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки ба проблемаи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, сохторҳои ҳизбӣ беш аз пеш фаъол шуда, танҳо дар 15 рӯзи охир 36 ҳазору 285 мулоқоту вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” бо фарогирии 69 ҳазору 160 сокин анҷом дода, дар байни аҳолӣ 46 ҳазору 394 варақаи иттилоотӣ паҳн карданд. Дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии ҳизб низ доир ба ин мавзӯъ 422 мавод интишор гардидааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии пурмуҳтаво аз иқдомҳои наҷиби ҳизбиён истиқбол карда, гуфт, ки мо – сокинони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо якдигар ва ҳама аҳли башар метавонем аз бемории ҳамагири COVID-19 пешгирӣ кунем ва ҳамзамон, ҷаҳонро аз он пок созем. Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба истифодаи пурсамар аз ҳар қитъаи замин, раиси вилоят масъулонро вазифадор карданд, ки дар ин самт корҳои тарғиботиро беҳтар ба роҳ монанд.

Дар ин ҷаласа дар радифи масъалаҳои зикршуда, инчунин, Консепсияи амалиёти сайёҳию омӯзишӣ ва ободкории ҳизбӣ таҳти унвони «Сайри Ватан мекунем!», ангораҳои сохтмони Маркази қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва ҳуҷраи кории раиси кумитаи маҳалла, нақшаи азнавсозии иншооти гигиенӣ: заҳкаш бо усули дренажӣ барои истифодаи мардуми деҳот, нақшаи чорабиниҳои амалиёти вилоятии ҳизбии «Якҷоя месозем!», нақшаи тақвимии вохӯриҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баргузории семинар – машваратҳои дастурдиҳӣ барои кормандони ҳизбӣ, фаъолони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар масоил мавриди баррасӣ ва тасдиқи аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қарор гирифтанд.

Аз ташаббусҳои наве, ки роҳбарияти кумита дар давраи ҳисоботӣ пеш гирифтанд, ин татбиқи марҳила ба марҳилаи идеяҳои созанда дар мисоли механизми рушди имкониятҳои идеологӣ ва инфрасохторӣ дар ҳар як маҳалла, сохтмони Маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар ҳар як маҳалла, азнавсозии иншооти гигиенӣ: заҳкаш (чоҳи амудӣ) барои ҳоҷатхона ва ҳаммом бо усули дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ мебошанд. Лоиҳаҳои мазкури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамчун роҳнамо бо мақсади ҳалли маҷмӯи мушкилоти деҳотҷойҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, барои истифодаи озод ба ҳама шахсони ҳуқуқию воқеии ҳавасманд пешниҳод карда мешаванд.

 

М. Акрамов,

З. Муродиён,

“Ҳамрози халқ”

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg