АНДЕША. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон медонем, ки 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин нерӯи созандаи миллат дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, минҷумла дар татбиқи барномаву ҳадафҳои олии кишвар нақши муҳим доранд. Бо мақсади тақвият бахшидани манзалати ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа таваҷчуҳи хоса доранд. Таъкид менамоянд, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Давлату Ҳукумат ба ҷавонон эътимоди комил доранд, дастгирии самимонаи онҳоро дар сиёсати пешгирифтаи давлат қадрдонӣ менамояд ва нақши арзандаи онҳоро дар ҳамаи ҷамбаҳои ҳаёти кишварамон эҳсос менамояд. Ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудани ҷавони дорои нангу номуси миллӣ Рустами Эмомалӣ, ки бо ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд гузошта истодааст, хело бомаврид мебошад. Ҳар як сокини кишвар аз он ифтихор дорад, ки ин ҷавони ватандӯсту бонангу номус, ки дар тарбия ва роҳнамоии қиблагоҳи оқилу донояш, сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба камол расида, дар вазифаҳои баланди давлатдорӣ таҷрибаи бузурге омӯхта, дар мурури андак фосилаи вақти фаъолияташ дар вазифаи раиси шаҳри Душанбе барои тамоми мардуми кишвар собит намуд, ки дар ҷодаи фарҳанг, илму адаб, давлатсозию давлатдорӣ, меъморию шаҳрсозӣ мақоми шоистаеро кашф намудааст ва боварии комил дорем, ки дар вазифаи олии қонунгузории кишвар минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузорад. Ин гуфтаҳо далели он ҳастанд, ки ҳар як сокини кишвар, меҳмонони хориҷӣ аз ободию гугулшукуфии пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳи шаҳрдории ӯ ба макони биҳиштосои рӯи олам табдил ёфтааст, мисоли равшан мебошад. Боварии комил дорем, ки зери мактаби бузурги сиёсиву давлатсозӣ, ҳидоятҳои ҳакимонаву созанда ва бунёдкоронаи қиблагоҳаш, Пешвои миллат пайваста сабақ омӯхта, бо азму ирода ва сарбаландона бомасъулият, содиқонаву софдилона дар иҷрои вазифаи баланди сиёсӣ сазовори бовариву эътимоди бузурги мардум мегардад.
Ализода Сураё Ҷура, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав