АНДЕША. Ман ҳамчун як ҷавони даврони Истиқлолият бо шукргузорӣ аз оромиву амният, истиқлолияту ваҳдати сартосарии Тоҷикистони азиз ва бо як ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ, баъди оне, ки санаи 17 апрели соли ҷорӣ хабари ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани ҷавони воқеан ҳам ватандӯсту ватанпарвар, ҷавони сиёсатмадору ободкор муҳтарам Рустами Эмомалӣ хушҳоливу хурсандии маро ҳадду канор набуд. Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон дар давоми 29 соли соҳибистиқлолии худ ин ҳодисаро ёд надорад, ки ҷавоне дар синни 33- солагӣ ба вазифаи пурмасъули давлатӣ, яъне раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида бошад.
Воқеан ҳам муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзандаи чунин вазифаи пурмасъул мебошанд, зеро мо аз фаъолияти меҳнатии ин ҷавонмарди майдони сиёсат хуб огаҳӣ дорем. Аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2015 то моҳи январи соли 2017 дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.
Коррупсия дар солҳои охир ҳамчун як вабои аср дар байни ҷомеа паҳн гардида, тамоми давлатҳои абарқудрати ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон ба муқобили ин зуњуроти номатлуб мубориза мебарад. Маҳз ёдовар шудани ман аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар солҳое, ки ҳамчун Директори Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия фаъолият мекард тавонист, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад ва ба комёбиҳо ноил гардад.
Аз моҳи январи соли 2017 ин ҷониб дар вазифаи Раиси шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст. Дар муддати кӯтоҳ бо роҳбарии ин шахсияти кордон симои шаҳр куллан тағйир ёфта, аз ҳарвақта дида кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе зебо гардидааст. Гаштугузор дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои сангфаршнамуда, хиёбонҳои чароғон ва фаввораҳои гуногунрангу дилнишин барои инсон руҳу таровати тозаро зам менамояд. Вақте, ки вориди шаҳри Душанбе мегардӣ тамоми маҳаллаҳо, кӯчаҳо, боғҳо, хиёбонҳо гулпӯшанд. Инро дидан пас одам дар сараш хаёли афсонаеро мепарварад лекин ин дар асл афсона нест, ҳақиқат аст.
Ин ҳама бунёдкориҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии шаҳрдори ҷавони ватандӯсту қавиирода, сиёсатмадору хештаншинос муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Интихоб гардидани як ҷавон ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ, мо ҷавононро руҳбаланд карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба ватану миллати худ содиқона хизмат намоем ва пайрави асили Пешвои миллат бошем.
Расулов Ғолиб, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон