АНДЕША. Фаъолияти судмандашро ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе кулли сокинони пойтахт ва меҳмонону сайёҳоне, ки ба ин шаҳри орзуҳо ташриф меоранд, тавсифу таҳсин менамоянд. Душанбе ин махзани орзуҳои миллионҳо нафар тоҷикони ҷаҳон рӯз аз рӯз ободу зеботар шуда, борҳо шунидаем, ки оламиён онро шаҳри гулҳо ном мебаранд. Дар радифи амалисозии садҳо лоиҳаҳои гуногун баҳри беҳбудии хизматрасонии маишӣ- фарҳангӣ ва ғайраҳо дар замони раиси шаҳрро ба уҳда гирифтани муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фаъолияти кулли соҳаҳои хоҷагии халқ пойтахт дигаргунию навовариҳои ҷадид мушоҳида мешаванд. Агар аз вазъи соҳаи таълиму тарбияи насли наврас мисол биёрем, маҳз назорати ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ ба вазъи муассисаҳои таълимӣ ва боғчаву кӯдакистонҳо буд, ки дар муддати кӯтоҳ камбудиҳои мавҷуда бартараф гардида, биноҳои таълимӣ ҳусну симои дигар пайдо кардаанд. Қобили зикр аст, ки Раиси шаҳр аз нахустин сиёсатмадороне буд, ки дар арафаи интихоботи парлумонӣ барномаи пешазинтихоботии худро оид ба номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тариқи расонаҳои хабарӣ интишор ва дастраси умум гардонид.
Мазмуну муҳтавои барномаи пешниҳоднамудаи раиси шаҳри Душанбе тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимоии маркази маъмурии кишварро дар бар гирифта буд.
Мардумписандию эҳтироми беандоза ба раъйи интихобкунандагон ва маҳбубияти халқро сазовор гардидани як сиёсатмадор аз ин нукта сарчашма мегирад, ки Рустами Эмомалӣ дар ибрози идеяву андешаҳои созандааш бештари маврид мо мегӯяд, ки ин аз ҳамдилию ҳамовозӣ ва даъвати умум ба сарҷамъии мардум дар иҷрои ҳадфҳои пешгирифта мебошад.
Тавре, ки дар барномаи пешазинтихоботии ӯ зикр гардидааст: «Мо мақсад гузоштаем тавассути амалӣ намудани нақшаҳои бунёдкоронаю созанда, эҷоди тафаккури олии одобу фарҳанги шаҳрдорӣ, мавқеи башардӯстию сулҳхоҳона, барои ба шаҳри ободу зебо ва пешрафта табдил додани пойтахти Ватани маҳбубамон-шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешида, сокинонро барои расидан ба зиндагии шоиста равона намоем.»
Бо камоли эҳтиром ва ҳамовозию пайравӣ аз ҳадафҳои пешгирифтаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, мо насли Истиқлол дар шаҳру маҳаллаҳое, ки кору зиндагӣ дорем, содиқона ба халқу Ватан хизмат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушду тараққиёти ҷомеаи озод ва расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро мегузорем.
Волида Ҳакимова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шањри Бохтар