АНДЕША. Василаи шинохти миллат ва ё давлат тавассути фарзанди бонангу номус ва ё урфу одату оммавияташ шинохташуда, машҳур мегардад.
Агар миллати тоҷик ва давлати ҷавони Тоҷикистонро дар арсаи олам тавассути Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳпарвару сулҳхоҳ шиносанд, пас оммавияту варзиши кишвар тавассути ҷавони муваффақу ватандӯст Рустами Эмомалӣ маъруф гардидааст.
Дар як муддати начандон дароз бо интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон футболи тоҷик рушд намуда, дар арсаи олам маъруфият ба даст овард. Як ҷавони даврони истиқлолият тавонист, ки номи миллати тоҷикро ба василаи рушди варзиш шуҳратёр гардонад, зеро ки дарк намуданд, ки варзиш воситаи омили дӯстӣ ва рафоқати миёни давлатҳост.
Тайи даҳсолаи охир бунёди толору майдончаҳои варзишӣ, қасру ҳавзҳои шиноварӣ, таъсиси дастаҳои мунтахаби варзишӣ ва аз ҳама муҳим таъсис ва иштироки дастаи Футболи тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи Осиёиву ҷаҳонӣ нишона аз соҳибқудратии миллат аст.
Исмоили Сомонӣ ҳанӯз дар давраи 35 солагиаш сарварии давлати Сомониёнро ба зимма дошт ва имрӯз Сомонитабори мо Рустами Эмомалӣ дар синни 33 солагиаш ҳамчун ҷавони қаввиирода тавонистааст, ки насли Сомониёнро давомдиҳанда бошад. Таърихи миллати тоҷик ёд надорад, ки ҷавоне то ба ин ҳад пешрафт карда бошад, ки ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ таъин гардидад. “Бузургӣ на ба сол аст” гуфтаанд ва метавон бо боварӣ иброз дошт, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун як ҷавони соҳибдавлату худшинос ва ватандӯсту масъулиятшинос метавонад, дар ин ҷода низ муваффақ гардаду мушкили ҳазорон фарди кишварро ҳал созад ва тавассути маҳорату дониши волояш муваффақу фарзона гардад.
Бо бунёди ҳазорон майдончаҳои варзишӣ ҷавонони диёр аз ҳар гуна роҳҳои беҳуда канораҷуӣ намуда, ба варзиш ва рушди ҷомеаи солим рӯ овардаанд, ки ин нишонаи саодатмандист. Ҳазорон нафар ҷавонон имрӯз ба Рустами Эмомалӣ пайравӣ намуда, ӯро идиале дар ҷодаи муваффақият ва зиндагии хеш медонанд. Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар ташрифи қаблиашон ба Тоҷикистон рушди шаҳри Душанберо бо роҳбарии Раиси ҷавону муваффақаш шоистаи таҳсин хонда, баъди бозгашт чандин губернаторони шаҳру навоиҳои Федератсияи Россияро аз ҳисоби ҷавонон интихоб намуд.
Рустами Эмомалӣ имрӯз бояд фахри миллат ва намунае барои ватандорону ватансозон бошад.
Саёҳат Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон