БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус навъи (COVID-19) бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол,  деҳаи Вахш баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулин доир ба ин беморӣ ва ҳамчунин тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни суҳбат масъулин қайд намуданд, ки 11 марти соли 2020 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемияи нави коронавирусро эълон намуд.

Алҳол ин беморӣ дар бештар аз 200 кишвари дунё ба қайд гирифта шудааст.

Боэътимод бояд донем, ки инсонҳо таҷрибаи “ғолибият” бар ҳар гуна вирусҳои ба амал омадаро доранд, руҳафтода дар ин ҳолатҳо нашавем, зиндагӣ давом хоҳад дошт. Моро дар якҷоягӣ зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои сангин танҳо аз эҳтиёт кор гирем. Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ атрофи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, вобаста ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ки дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд,  муфассал суханронӣ карда шуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg