БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЧИ ТАВР ХУДРО БОЯД МУҲОФИЗАТ НАМУД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  максади   таъмини иҷрои  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба пешгирии  хатари  бемории  коронавирус гурӯҳи  кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   миёни  сокинон бо  усули  «хона  ба  хона»  ба  роҳ  монда  истодааст.

Ҷиҳати  ба  сокинон  фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус  гурӯҳи  корӣ дар  деҳаи  Муротеппа1-и Ҷамоати  деҳоти Фирӯза   бо  усули  “хона  ба  хона”  чорабинии ҳизбиро   баргузор  намуда,  фаҳмониданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  пешгирии  ҳар гуна бемориҳои сироятӣ   варақаҳои  тавсиявиро дастрас карданд.  Таъкид карда шуд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя намуда,  моҳияти  худдорӣ  аз  иштирок дар  љойҳои  серодам  ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳои  безарурат қатъиян манъ мебошад.

Ҳамзамон,  оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19» корҳои  мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати  истифодаи  самараноки  ҳар  қиъаи замини   наздиҳавлигӣ, ташкили  кишти зироатҳои  кишоварзӣ,  ҷамъоварии ҳосили баланд  ва  захираи  он барои минбаъда андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg